Хабар. Фирӯз Мирзораҷабов Осиёро фатҳ кард (05.07.2019)

3 064 просмотра
2

Тибқи хабаргузории сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Фирӯз Мирзораҷабов дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон, ки дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон – оғоз шуд, сазовори медали тилло гардид. Фирӯз дар вазни 55 килои гӯштини юнонӣ-римӣ дар даври аввал озод буд, сипас бар варзишгарони Туркманистон ва Қазоқистон пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт. Дар финал варзишгари ӯзбекистониро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. Ду ҷои сеюмро дар ин вазн варзишгарони Қазоқистон ва Ҳиндустон ишғол намуданд. Дар рӯзи аввали чемпионат қувваозмоиҳо аз рӯи 7 вазн сурат гирифт, ки варзишгарони мо дар 4 вазн гӯштин гирифтанд. Ду варзишгари дигари мо – Суҳроб Алимов дар вазни 45кг ва Давлатҷон Худойбердиев дар вазни 48кг сазовори ҷои панҷум шуданд. Имрӯз қувваозмоиҳо дар се вазни боқимондаи гӯштини юнонӣ-римӣ (65, 71, 80) идома меёбанд. Дар ҳар се вазн гӯштингирони навраси тоҷик ширкат хоҳанд кард. Дар чемпионат 308 варзишгар аз 19 давлати қитъаи Осиё ширкат доранд. Гӯштингирони навраси қора дар намудҳои гӯштини озод (10 вазн), юнонӣ-римӣ (10 вазн) ва гӯштини занона (10 вазн) барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд. Ҷумҳурии моро дар чемпионат, ки то 7 июл идома меёбад, 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Фируз Мирзорачабов / Точикистон / ТВ Варзиш / Firuz Mirzorajabov

Видео «Хабар. Фирӯз Мирзораҷабов Осиёро фатҳ кард (05.07.2019)» опубликовано в категории «». Продолжительность: 1 мин. 12 сек.

Hggjdg Vjndgjd
Hggjdg Vjndgjd
8 месяцев назад
О Ф А Р И Н Ш Е Р И Н А Р
SHahboz Zokirov
SHahboz Zokirov
8 месяцев назад
Бехтарин бозхам сафи чунин пахлавонони шердил зиёд гардад.....
Анушервон Валиев
Анушервон Валиев
8 месяцев назад
Маладес
каримов рустам 8888
каримов рустам 8888
8 месяцев назад
ТАБРИК ДУСТОНАМ БАПЕШ ШЕРБОЧАХОИ.ТОЧИКИСТОН.👍.
Парвиз Очилов
Парвиз Очилов
8 месяцев назад
Рузи 2юм чи шуд вазни 71кг