Хабар. Нокомии ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи дуюми Гран-при Будапешт (13.07.2019)

4 164 просмотра
4

Дар рӯзи дуюми мусобиқаи Гран-при Будапешт рақобатҳо дар варзнҳои – 63, - 70, - 73 ва - 81 сурат гирифтанд, ки ду ҷудочии тоҷик – Сомон Маҳмадбеков (-73 кг) ва Акмал Муродов (-81кг) рӯи татамӣ баромаданд. Ҷудочии ҷавон ва умедбахши кишвар Сомон Маҳмадбеков дар рақобати нахустини хеш аз намояндаи Канада - Антуан Бушар ноком шуда, аз идомаи сабқатҳо бенасиб шуд. Ҷудочии дигари кишвар Акмал Муродов дар дидори аввалини худ, варзишгари кишвари Юнон - Алексис Нтанатсидисро шикаст дода, ба даври дуюми мусобиқаи мазкур роҳ ёфт. Дар даври дуюм паҳлавони мо аз ҷудочии эстониягӣ – Кристиан Тонисте шикаст хурда, аз идомаи рақобатҳои Гран-при Будапешт маҳрум шуд. Хотиррасон мекунем, ки ду паҳлавони дигари тоҷик – Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) фардо дар рӯзи ниҳоии Гран-при Будапешт вориди майдони рақобат мешаванд.

Сомон Махмадбеков / Somon Makhmadbekov / Akmal Murodov / Акмал Муродов / гуштин 2019 / дзюдо Будапешт

Видео «Хабар. Нокомии ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи дуюми Гран-при Будапешт (13.07.2019)» опубликовано в категории «». Продолжительность: 52 сек.

Umar Kodirov
Umar Kodirov
8 месяцев назад
Ба хардуи онхо галаба насиб кунад омин.
Muhammad Razzokov
Muhammad Razzokov
8 месяцев назад
Аз Комроншох умеди мо калон аст .
JON JON BIK
JON JON BIK
8 месяцев назад
Сабил хуб нашудаст бачахо шекаст хурден
Канали Орзу
Канали Орзу
8 месяцев назад
Шогрдо гуштин грифтесен да канали ма обуна шавен я приёми ЗУР дорм Едтон метм бад
Said Isozoda
Said Isozoda
8 месяцев назад
Хочазода барои чи баромад намекуна